Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз 17 сол боз як хонуми рус ба кайҳон парвоз кард


Елена Серова

Елена Серова

Киштии кайҳонии русии “Союз” шаби ҷумъа ба Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ пайваст. Ба иттилои хабаргузории ИТАР ТАСС, ибтидо яке аз батареяҳои офтобии киштӣ боз нашуд, аммо ин вазъи изтирорӣ барои идомаи парвоз монеъа эҷод накардааст.

Сарнишинҳои киштии “Союз” се нафаранд - командир Александр Самокутяев, муҳандис, намояндаи Оҷонси кайҳоннавардии Амрико НАСА Барри Уилмор ва Елена Серова. Қарор аст, ки онҳо 169 рӯз дар фазо бимонанд ва беш аз 50 озмоишро анҷом диҳанд.

Барои нахустин бор дар 17 соли ахир боз як хонуми рус ба кайҳон парвоз кардааст. Аз ин пеш Елена Кондакова соли 1997 дар дуввумини сафараш ба кайҳон нӯҳ рӯз сарнишини киштии амрикоии Atlantis буд. Елена Серова то вуруд ба гурӯҳи кайҳоннавардон муҳандиси Маркази идораи парвозҳо буд.

Қарор аст, ки як сол баъд овозхони маъруфи бритониёвӣ Сара Брайтман ба ҳайси сайёҳ ба кайҳон парвоз кунад ва чанд рӯз меҳмони Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ бошад.

XS
SM
MD
LG