Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораҳои амниятӣ дар Ню-Йорк ва Порис тақвият дода шуданд


Ҳукумати ИМА дар бораи аз сӯи ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” омода шудани ҳамлаи террористӣ дар метроҳои шаҳрҳои Амрико иттилое зери даст надорад. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 26 сентябр бо такя ба як корманди дафтари раисиҷумҳури ИМА иттилоъ дод.

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк, рӯзи панҷшанбе изҳор намуд, ки мақомоти кашфи кишвараш нақшаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои ҳамла ба метрои Порис, пойтахти Фаронса ва чанд шаҳри Амрикоро ошкор кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамларо хориҷиёни узви “Давлати исломӣ”, аз ҷумла, шаҳрвандони ИМА ва Фаронса, тарҳрезӣ кардаанд. Аммо Ҳайдар Ибодӣ дар бораи он террористҳо дар кадом шаҳрҳои Амрико ҳамлаҳоро тарҳрезӣ кардаанд, чизе нагуфт.

Масъулини полиси шаҳри Ню-Йорк хабар доданд, ки аз изҳороти Ҳайдар Ибодӣ огаҳанд ва ин иттилоъ дар ҳамкорӣ бо Бюрои федеролии тафтишоту дигар ниҳодҳо тафтиш мешавад.

Бар пояи хабарҳо, дар Порис ва Ню-Йорк чораҳои амниятӣ дар метро ва хиёбонҳо тақвият дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG