Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номаи Истаравшанӣ ба СММ ва талаби муҷозоти Ислом Каримов


Сайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик ва муассиси пойгоҳи интернетии Кимиёи саодат, ки берун аз кишвар ба сар мебарад, режим ё низоми кунунии Узбакистонро ба раҳбарии Ислом Каримов дар марги ҳамсараш -- Нилуфар Раҳимҷонова муттаҳам дониста, аз Кумисюни ҳуқуқи башари Созмони Милал муҷозоти онҳоро талаб кардааст. Нилуфар Раҳимҷонова, духтари Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, дар оғози моҳи ҷорб дар зиндоне “Зангиота”и Тошканд ба таври мармуз даргузаштааст. Сайидюнуси Истаравшанӣ, ҳамсари Нилуфар Раҳимҷонова, дар номаи худ ба Кумисюни ҳуқуқи башари СММ мегӯяд, “тамоми омилҳои мустақим ва ғайри мустақими қатли мазлумонаи ҳамсари азизам ва модари 4 фарзандамро ба додгоҳ бикашонанд ва муҷозоти муносиб барояшон дода бишавад. Пӯшида нест, ки авомили мустақими ин қатл, бозҷӯ ва раиси додгоҳ буда ва авомили ғайри мустақими он, шахси раисиҷумҳури Узбекистон ҷаноби Ислом Каримов аст.”

Ин донишманди тоҷик талаб кардааст, парвандаи, ба гуфтаи ӯ, ҷинояти нобахшиданӣ аз тариқи бозҷӯҳои байналмилалӣ баррасӣ шуда, онгоҳ Ислом Каримов, дар яке аз додгоҳҳои байналмилалӣ муҳокима ва муҷозот шавад. “Бо ин ки медонам, дигар азизи ман барнамегардад ва фарзандонам ятим мондаанд, вале дар сурати таҳаққуқи ин амр ва муҷозот шудани афроди номбурда, дигар ҳеч зан ва ё марде дар ин кишвар ба ноҳақ ва бо иттиҳоми дурӯғин, маҳкум ба зиндон ва дар он ҷо кушта нахоҳад шуд”,-навиштааст ӯ.

Наздикони Нилуфар Раҳимҷонова ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд, ки ҷасади Нилуфар Раҳимҷоноваро рӯзи 13 сентябр аз маҳбаси занонаи "Зангиота" ба бародараш Муҳаммадиқбол дар Тошканд супурдаанд ва ӯ дар ҳамон ҷо ба хок супурда шудааст. Ӯ дар соли 2011 барои ширкат дар тӯйи арӯсии бародараш Муҳаммадиқбол ба Тошканд меояд ва дар ҳамон ҷо дар моҳи августи ҳамон сол аз тарафи мақомоти амниятии Узбакистон боздошт ва алайҳи ӯ ба иттиҳоми убури ғайриқонунии марз парванда боз мешавад. Тавре наздикони Нилуфар Раҳимҷонова дар ноҳияи Истаравшан мегӯянд, мақомоти амниятии Узбакистон бо Нилуфар сӯҳбат намуда, "пешниҳод" мекунанд, ки азбаски серфарзанд аст, агар аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон баромад карда, гӯяд, дар "урдугоҳҳои Эрон" таълим дидааст, озод хоҳад шуд.

Вай ба хотири озод шуданаш аз тариқи телевизиони давлатии Узбакистон ин ҳарфҳоро ба забон меорад, аммо мақомоти амниятии Узбакистон ба иловаи ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад боз ҷурми «терроризм»-ро ба парвандаи Раҳимҷонова изофа карда, дар авоили соли 2012 ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум карданд. Нилуфар Раҳимҷонова то дами маргаш ин ҳукми тӯлониро дар зиндони занонаи «Зангиота»-и ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд адо мекард. Сайидюнуси Истаравшанӣ дар номаи худ унвонии Созмони Милал гуфтааст, ҳаргиз ҳамсараш узви кадом гуруҳи террористӣ набуда, ба нафъи кадом давлате ҳам ҷосусӣ накардааст.

XS
SM
MD
LG