Пайвандҳои дастрасӣ

Украина баъди шаш сол хостори вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо мешавад


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, барномаи густурдаи ислоҳот дар кишварро муаррифӣ кард, ки татбиқи он ба Украина имкон медиҳад баъд аз шаш сол хостори узвият ба Иттиҳодияи Аврупо шавад.

Ӯ рӯзи 25 сентябр, дар нахустин нишасти хабарӣ ба ҳайси сарвари кишвар дар Киев гуфт, ки созиши сулҳ бо ҷудоихоҳони рустабор ба пурхатартарин марҳала дар низоъ дар шарқи Украина поён бахшид. Раисҷумҳури Украина афзуд, ки ба барномаи ислоҳот мавсум ба “Стратегияи 2020” тақрибан 60 барномаи ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ шомил аст.

Ба гуфтаи Петро Порошенко, дар барномаи ислоҳот чанд мавзӯъ, аз ҷумла аз байн бурдани фасод, тағйири низоми молиёт ва истиқлоли энерҷӣ дар авлавият қарор доранд. Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ин барноимаи ислоҳот дар ҳоле амалӣ хоҳад шуд, ки Русия ба умури Украина мудохила накунад.

Аз ин пеш раисиҷумҳур зери фармон “Дар бораи чораҳои оҷили мудофиаи Украина ва таҳкими тавононии дифоии кишвар” имзо гузошт. Ин санад, ки як бахши он сиррӣ эълон шудааст, 28 август дар нишасти Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиа пазируфта шуда буд ва аз рӯзи нашр ҳукми қонунро мегирад. Бар пояи фармон, Украина ба ҳамкории стратегӣ бо ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО бартарӣ медиҳад. Раисиҷумҳур ба кобинаи вазирон фармудааст, тарҳи қонунеро таҳия кунад, ки дар он вуруди Украина ба эътилофҳои низомӣ мумкин шавад.

XS
SM
MD
LG