Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори манъи вуруди хориҷиён ба ҷангҳо дар Ироқу Сурия шуд


Шӯрои Амнияти СММ шоми чаҳоршанбе қатъномаеро пазируфт, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангиёни хориҷӣ ба Ироқу Сурия аст. Тарҳи қатънома аз сӯи ИМА таҳия ва дар иҷлосияи таҳти раёсати Барак Обама раисиҷумҳури Амрико тасвиб шуд.

Қатънома, ки Барак Обама онро “таърихӣ” номид, ҳамаи кишварҳоро ӯҳдадор мекунад, то барои муқобила бо пайвастани шаҳрвандонашон ба гурӯҳҳои тундрави хориҷӣ маъракаҳои ҷиддии муҷозотиро роҳандозӣ кунанд. Дар ин маърака бояд онҳое, ки мардумро барои ҷангҳои хориҷӣ ҷалб мекунанд ва сармяогузорони ин ҷангҳо бояд ошкор ва муҷозот шаванд.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар ҳайати гурӯҳҳое чун “Давлати исломӣ” ё “Ҷабҳа-ан-Нусра” дар Сурияву Ироқ ҳазорон шаҳрвандони дигар кишварҳо меҷанганд.

Барак Обама рӯзи 24 сентябр дар суханрониаш дар Маҷмаи умумии СММ дар муроҷиат ба ҷомеаи байналмилалӣ гуфт, ҳанӯз ҳам дер нашудааст, ки барои набард бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва муттаҳидонаш ҳама кишварҳо аз як гиребон сар бароранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар як ҷаласаи ҳизби ҳокими Халқӣ-демократӣ гуфт, айни ҳол дар Сурия 190 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд ва чандин нафарашон он ҷо кушта шудаанд. Моҳи май ба қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон тағйироте ворид шуд ва барои ҷалби афрод ба ҷангҳо дар хориҷи кишвар хориҷӣ ё ширкат дар чунин ҷангҳо аз 12 то 20 соли зиндон муқаррар гардид.

XS
SM
MD
LG