Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 тан дар Латвия бо гумони дуздии пахтаи Тоҷикистон


Пулиси Латвия аз боздошти як гуруҳи иборат аз чор нафар хабар дод, ки бо тақаллуби ҳуҷҷатҳо пахтаи Тоҷикистонро аз худ мекардаанд. Намояндаи пулиси Латвия Том Садовскис дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ин гурӯҳи чорнафара ба сирқати пахтаи Тоҷикистон дар ҳаҷми 9 миллион евро муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи ин намояндаи пулис, ин гурӯҳ бо роҳи тақаллуби ҳуҷҷатҳо исми соҳиби борро иваз ва ин пахтаро аз худ кардаанд. Ин афрод дар шаҳрҳои Рига ва Юрмала боздошт ва алакай ду нафари онҳо – як марди соли таваллудаш 1965 ва як зани 44-сола расман гумонбар эълон шудаанд. Пулиси Латвия ҷузъиёти бештари ин қазия ва исми гумонбарон ва ҷабрдидаҳо аз ҷониби Тоҷикистонро ошкор накардааст ва танҳо гуфта мешавад, ки шикоята дар мавриди дуздида шудани ин пахта баҳори соли равон ба дасти пулис расидааст.

XS
SM
MD
LG