Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳфили гиромидошти Раббониву Масъуд


Шоми 24 сентябр дар як маросим дар сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе севумин солгарди шаҳодати Бурҳониддин Раббонӣ ва 13-умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъудро гиромӣ доштанд.

Мӯъмин Қаноат, шоири тоҷик, Бурҳониддин Раббониро як шахси калидӣ дар баровардани нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон ном бурд. Мӯъмин Қаноат ҳамчунин корнамоиҳои Аҳмадшоҳи Масъудро барои худ “устура” хонда, аз вай ҳамчун аз як “қаҳрамони воқеӣ” ёд кард. Мӯъмин Қаноат дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд достоне бо номи “Масъуднома” ҳам навиштааст.

Ин маросим бо хондани таронаҳо дар васфи шаҳидон ва оёти Қуръон ба поён расид.

Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва раиси Шӯрои миллии сулҳро рӯзи 20 сентябри соли 2011 як узви Толибон, ки худро қосиди сулҳи онҳо муаррифӣ карда буд, дар хонааш дар шаҳри Кобул кушт. Раббонӣ аз соли 1992 то соли 1996 раисиҷумҳури Афғонистон буд.

Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони маъруфи ҷиҳодииАфғонистон, рӯзи 9-уми сентябри соли 2001 қурбони сӯиқасди маргталабоне шуд, ки гуфта мешавад, гумоштаҳои шабакаи Ал-Қоида будаанд.

XS
SM
MD
LG