Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама гуфт, ҷаҳони имрӯз дар дуроҳаи ҷанг ва сулҳ аст


Дар паёмаш ба Маҷмаи умумии Созмони Милал раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама гуфт, ки ҷаҳон “дар дуроҳаи байни ҷангу сулҳ, байни бенизомӣ ва ҳамгироӣ, байни тарс ва умед қарор дорад”.Вай афзуд, ҳамаи ки шварҳо бояд “дар муроот ва таҳкими меъёрҳои байнулмилалӣ масъулият нишон диҳанд”. Обама гуфт, амалкардҳои Русия дар Украина барои низоми баъд аз ҷанг як мушкил ба шумор мераванд. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида афзуд, кишвараш ва ҳампаймонҳои он аз мардуми Украина дар роҳи ҳаракати онҳо ба сӯи демократия ва рушди иқтисод ҳимоят мекунад. Обама ба раҳбарон ва мардуми Эрон бовар дод, ки агар Теҳрон сулҳомезии барномаи ҳастаии худро ба исбот расонад, ба ҳалле даст хоҳад ёфт, ки ниёзҳои ин Эронро ба энержӣ бароварда созад. Обама гуфт, Иёлоти Муттаҳида “ҳаргиз дар ҳоли ҷанг бо Ислом набуд ва нест” ва ҳама гуна ҳадсҳоро дар бораи ҷанги тамаддунҳо рад мекунад.

XS
SM
MD
LG