Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон 26 тундрави эҳтимолиро боздошт кард


Мақомоти интизомии Озарбойҷон мегӯянд, ки онҳо 26 шаҳрванди ин кишвари Қафқозро боздошт кардаанд ва эҳтимол мерафт, ки онҳо ба тундравҳо дар Сурия ва Покистон ҳамроҳ шаванд.

Озарбойҷон ин хабарро дар ҳоле эълон кард, ки 23 сентябр Амрико ва ҳампаймонҳояш дар кишварҳои арабӣ силсилаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба тундравҳои ДИИШ-ро дар Сурия оғоз карданд.

Вазорати Амнияти Миллии Озарбойҷон гуфт, ононе ки боздошт шудаанд, барои узвият дар гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, қочоқи аслиҳа ва маводи тарканда ва амсоли он муттаҳам дониста мешаванд.

Ин гурӯҳҳо баъд аз бозгашт ба Озарбойҷон боздошт шудаанд. Бар асоси қонуни ин кишвар ба ононе, ки боздошт шудаанд, аз 20 соли ҳабс то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Бино ба гузоришҳо, то ҳол дар даргириҳои Сурия бештар аз 100 нафар шаҳрвандони Озарбойҷон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG