Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди як тоҷик баъди 17 соли фирор


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Душанбе барои куштор ва роҳзанӣ муттаҳам донимста мешуд, баъди 17 соли фирор дар Русия боздошт ва ба зодгоҳаш истирдод шудааст. Худойдод Кабиров, ки ҳоло 46 сол дорад, ҳанӯз моҳи ноябри соли 2013 дар Ҷумҳурии Чувашистони Русия боздошт шуда буд ва ахиран ӯро бар асоси ҳукми истирдоди додситонии ин минтақа ба Душанбе фиристодаанд.

Гуфта мешавад, Худойдод Кабиров дар соли 1997, вақте 29 сол дошт, ҳамроҳи як тани дигар дар шаҳри Душанбе ба манзили як зани ба онҳо шинос даромада, ин занро куштанд ва пулу ҷавоҳироти ӯро ба маблағи қариб 40 000 доллар рабудаанд. Худойдод Кабиров баъди он куштор ба Русия фирор карда, дар ин 17 сол дар он ҷо ду маротиба бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва маҳкум ба зиндон шудааст.

XS
SM
MD
LG