Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мухолифони Иттиҳодияи Гумрукӣ шабнома мусодира карданд


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, кормандони вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон аз ду раҳбари ҷунбиши иҷтимоии мухолифони ҳукумат 1000 варақа ё шабнома мусодира кардаанд. Ин шабномаҳоро дар дохили мошине пайдо кардаанд, ки Мавлон Аскарбеков-раҳбари ҷунбиши «Жани Мун» ё «Насли нав» ва Замирбек Кочкорбеков-раҳбари «Кирг Чоро» ё «Чиҳил ҳамфикр» бо он ба Талас сафар мекардаанд.

Онҳо дар ин шаҳр баргузории ҷаласа ё қурултои худро ба нақша гирифта буданд. Мошини онҳоро кормадони пулис дар посгоҳи Сосновка нигоҳ доштаанд. Дар оғоз ҳар ду раҳбари гурӯҳҳои иҷтимоии мухолифон боздошт шудаанд, вале баъд аз мусодираи варақаҳо ва таҳияи асноди зарурӣ онҳоро раҳо кардаанд.

Аскарбеков ва Кочкорбеков ба вуруди Қирғизистон ба Иттиҳодияи Гумрукӣ зид мебошанд ва истеъфои ҳукуматро тақозо мекунанд. Дар ҷаласаи онҳо дар Талас дар поёни ҳафтаи ҷорӣ бояд раҳбарони гурӯҳҳои дигари мухолиф низ ширкат ҷӯянд.

XS
SM
MD
LG