Пайвандҳои дастрасӣ

Обама дар бораи ҳамла ба ДИИШ суханронӣ мекунад


Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико 24 сентябр дар СММ суханронӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки маъракаи ҳамлаҳои ҳавоии байналмиллалӣ ба сарпарастии Амрико ба шӯришиёни ДИИШ (Давлати Исломии Ироқ ва Шом) дар Сурияву Ироқ идома дорад.

Баъд аз як ҳафтаи оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳои шӯришиён дар Ироқ, Барак Обама 22 сентябр мӯҳлати ин амалиёти низомӣ дар Сурияро тамдид кард ва ба ин маърака кишварҳои арабӣ ҳамроҳ шуданд.

23 сентябр Обама зимни суханони худ дар Кохи Сафед қабл аз ширкаташ дар Маҷмаи Умумии СММ дар Нию Йорк қавл дод, ки мубориза бар зидди гурӯҳҳои Давлати Исломӣ ё ДИИШ-ро идома медиҳад.

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфт, ки ширкати 5 кишвари арабӣ дар маъракаи ҳамлаҳои ҳавоӣ «барои ҷаҳониён рӯшан хоҳад кард», ки Амрико дар мубориза бо шӯришиёни Давлати Исломӣ танҳо нест. Аммо вай ҳушдор дод, ки муборизаи муштарак бар зидди шӯришиён «вақт мехоҳад» ва Вашингтон барои торумори ин гурӯҳҳо «ҳар кори зарурӣ»-ро анҷом медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG