Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабҳо рекорди милаи парчами Душанберо заданд


Милаи 170-метрии парчам дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар Китоби рекордҳои Гиннес ҷойгузини милаи 165-метрии парчам дар пойтахти Тоҷикистон шуд.

Рекорди милаи 165-метрии парчами миллии Тоҷикистон, ки дар сентябри соли 2011, дар солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон дар пойтахти Тоҷикистон сохта шуда буд, баъди се сол аз саҳифаҳои китоби рекордҳои Гиннесс ҳазф мешавад ва ин ҷойро ба милаи 170-метрии парчам дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Сауодӣ холӣ мекунад.

Расми гушоиши ин флагшток ё милаи парчами дар дунё баландтарин рӯзи 23 сентябр дар Ҷидда ба шарафи иди миллии Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Милаи парчами Ҷидда аз милаи парчами Душанбе 5 метр баландтар аст ва бар фарози он парчами Арабистони Саудиро, ки дар рӯяш калимаи шаҳодат “ Лои илоҳа илаллоҳу Муҳаммадан расулаллоҳ” китобат шудааст, афрохтаанд. Ин парчам 49,5 метр тӯл ва 33 метр бар дошта, масоҳаташ баробари як майдони футбол ва вазнаш 570 килост. Дар майдони милаи парчами Ҷидда ҳамчунин рамзи Арабистони Саудӣ – ду шамшери ҳар кадомаш 75-метрӣ ва дарахти хурмои қадаш 85 метр – низ гузошта шудаанд.

Милаи парчами Ҷидда дар зарфи 12 моҳ сохта шуд ва бино ба гузориши нашрияи англисизабони "Saudi Gazette", дар расми гушоишаш намояндаи расмии Китоби рекордҳои Гиннесс Превин Пейтел гуфтffcn: “Аз номи Китоби рекордҳои ҷаҳонии Гиннес, ман хушнудам инро тасдиқ кунад, ки милаи парчами Ҷидда ҷавобгӯи қоидаҳои мост. Ин парчам пурра парафшонӣ мекунад ва метавонад мақоми рекордиро бигирад. Ин нафақат баландтарин милаи парчами дунёст, балки иҷрои ин тарҳ дар маҷмӯъ ба меъёрҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулгудаи фанниву ороишӣ, муҳандисӣ ва меъёрҳои амниятӣ ҷавоб медиҳанд.”

Милаи парчами Душанбе
Милаи парчами Душанбе

Флагштоки Душанбе бо 165 метр баландӣ дар моҳи сентябри соли 2011 дар Китоби рекордҳои Гиннесс ҷойгузини милаи парчаме шуд, ки қаблан дар Боку, пойтахти Озарбойҷон сохта буданд. Милаи парчам дар Душанбе низ аз тарафи ширкати амрикоии «Trident Support» бунёд шуда буд. Ҳамин ширкат, ки ба сохтани чунин милаҳо ихтисос дорад, қаблан милаи 162-метрии парчам дар Боку, милаи 133-метрӣ дар Ишқобод, пойтахти Туркманистон, ду милаи 132-метрӣ дар Ақабава 127-метрӣ дар Амони Урдун ва милаи 123-метрӣ дар Абӯ-Забӣ сохтааст.

Иттилои дақиқе дар бораи пуле, ки барои сохтани милаи парчам дар пойтахти Тоҷикистон сарф шудааст, дастрас нест, вале бархе манобеъ дар бораи тақрибан 40 миллион сомонӣ сӯҳбат мекунанд. Гуфта мешавад, ин милаи парчам аз ҳисоби ширкати ТАЛКО – бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон – сохта шуда, хидматрасониашро низ ҳамин ширкат бар ӯҳда дорад. Парчаме, ки бар фарози ин милаи 165-метрӣ насб кардаанд, 30 метр бару 60 метр бар дошта, дар ин се сол чандин маротиба бар асари шиддати бод канда ҳам шуд. Дар майдони милаи парчам дар Душанбе Боғи парчам низ бино шудааст.

Милаи парчами баландатарин дунё дар Ҷидда бо ибтикори Муҳаммад Абдуллатиф Ҷамил, раҳбари ширкати “Абдуллатиф Ҷамил” бунёд шудааст. Гуфта мешавад, ки ин соҳибкор ба сохтани ин милаи рекордё баъди аз табобат дар хориҷ баргаштани малик Абдуллоҳ, раҳбари Арабистони Саудӣ азм кардааст. Сохтмони милаи парчам дар Ҷиддаро ширкати “Babteen Le Blanc Company” анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG