Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ню-Йорк мушкили тағйири иқлим баррасӣ мешавад


Сарони кишварҳои олам, аз ҷумла, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, рӯзи 23 сентябр дар нишасти СММ оид ба тағйири иқлим ширкат мекунанд.

Ҳадаф аз нишасти Ню-Йорк – водор сохтани кишварҳои узви СММ барои имзои созишномаи нав оид ба иқлим ва партоби "газҳои гулхонагӣ" аст, ки бояд соли оянда дар Порис имзо шавад.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар арафаи ин нишаст гуфт, ки "тағйири иқлим ба сулҳу шуккуфоӣ ва имконот барои миллиардҳо одамон, ки бо заҳмати зиёд ҳосил шудааст, таҳдид мекунад. Тағйири иқлим ин мушкили муҳимтарини даврони мост".

Дар нишасти Ню-Йорк раҳбарон ва сарвазирони 125 кишвари олам мушкилоти муҳитизистиро баррасӣ мекунанд.

Як рӯз пеш Бан Ки Мун ҳамроҳ бо даҳҳо афроди маъруф дар “Раҳпаймои мардумии иқлим” дар Манҳеттен ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG