Пайвандҳои дастрасӣ

Суоли мардуми Кӯлоб аз Кабирӣ баъди “ҳамла бо тухму помидор”


Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Аксар сокинони шаҳри Кӯлоб, ки дар сӯҳбат бо Муҳиддин Кабирӣ -- вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломӣ суҳбат доштанд, аз иштироки ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва минтақаҳои дигари доғи ҷаҳон нигаронӣ кардаанд. Оқои Кабирӣ 23 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мардум аз ӯ пурсидаанд, ҳизбаш барои ҷилавгирӣ аз ин раванд оё кумак карда метавонад ё на.

“Мо дар навбати худ омодагиямонро барои пешгирӣ аз сафари ҷавонони тоҷик ба саҳнаҳои ҷанг изҳор доштем. Гуфтем, ҳоло дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва аврупоӣ аз Тоҷикистон афроди камтар дар ин минтақаҳо меҷанганд ва илоҷи пешгирӣ вуҷуд дорад, имконпазир аст”,-афзуд ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ баъд аз чор моҳи ҳамлаи як гуруҳ аз сокинони Кӯлоб бо тухму помидор ба ӯ, дубора ба ин минтақа рафт, то ин дафъа ба ҳайси вакили парлумон бо онҳо суҳбат кунад. Ин вакили Маҷлиси Намояндагон гуфт, мардум дар суҳбатҳояшон аз ҳодисаи чор моҳи пеш изҳори нороҳатӣ карда, ӯро бо самимяит ва эҳтиром пазируфтаанд. “Ниҳоятан маълум шуд, ки мардуми Кӯлоб бо мо мушкиле надоранд. Ҳама тарафдори ҳамкорӣ бо нерӯҳои сиёсӣ ҳастанд”,-гуфт Кабирӣ.

Вале ҳамон тавре раиси ҲНИТ баён дошт, аксари онҳое, ки дар гуфтугӯ бо ӯ иштирок доштаанд, аз ҳодисаҳои Ироқу Сурия ва Украинаву Афғонистони ҳамсоя изҳори ташвиш кардаанд. “Эҳсос мешуд, дидгоҳи мардум тарафи сулҳу осоиштагӣ дар ҷомеа аст. Аз ҳодисаҳои Ироқ, Сурия, Украина ва Афғонистон нигаронӣ мекарданд. Эҳсос мешуд, ба ихтилофангезиҳо ва нооромиҳо таваҷҷуҳ надоранд. Мехоҳанд, сулҳу оромӣ бошад”,-таъкид дошт ӯ.

Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, мардуми Кӯлоб дар бораи фаъолияти шахсии ӯ низ суол кардаанд. Ӯ афзуд, баъд аз суҳбат бо мардуми Кӯлоб ба ноҳияи Фархор рафта, дар он ҷо низ бо мардум рӯбарӯ шудааст. Ҳафтаи гузашта вакилони парлумони Тоҷикистон, ки то холӣ кардани курсиҳояшон моҳҳои башумор мондааст, барои дидор бо интихобкунандагон ба минтақаҳо рафтанд. То кунун бисёре аз онҳо бо мардум суҳбат карда, ба қавли масъулони парлумон, дар охир хулосаҳояшонро баён хоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG