Пайвандҳои дастрасӣ

Табрик ва дуои Раҳмон ба подшоҳи Арабистони Саудӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли паёме Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд, подшоҳи Арабистони Саудиро ба муносибати иди миллияшон - Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ табрик гуфтааст.

Дар паёми оқои Раҳмон омадааст, “бо истифода аз ин муносибати нек мехоҳам муҷаддадан аҳамияти муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямон ва халкҳои ба ҳам бародарамонро таъкид карда, омодагии худро барои ҳамкории бештар бо Шумо баҳри таҳким ва густариши ин муносибатҳо, ки ормонҳои муштараки моро барои расидан ба пештафту шукуфоии минбаъда таҷассум мекунанд, иброз намоям.”

Дар охири номаааш оқои Раҳмон аз Худованд хостааст, ба подшоҳи Арабистони Саудӣ “неъмати сиҳҳату офияти комилро арзонӣ дорад”. “Шуморо дар паноҳи Худ нигоҳ дорад ва қадамҳоятонро дар анҷоми аъмоли нек ба нафъи мардуми Шоҳигарӣ ва тамоми Уммати мусулмон устувор гардонад”,-таъкид кардааст раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG