Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Чин таҷҳизот барои шиканҷа истеҳсол мекунад


Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар - Amnesty International ширкатҳои чиноиро дар тавлиди таҷҳизот барои шиканҷа айбдор кард. Дар гузориши ахири созмон, ки рӯзи 23 сентябр нашр шуд, гуфта шудааст, дар Чин тақрибан 130 ширкат ба истеҳсоли ин гуна таҷҳизот, аз ҷумла, калтакҳо бо нерӯи барқ, калтакҳои оҳанини мехдор ва дастбанду гарданбанди оҳанини бо занҷир васлшуда машғуланд.

Ҳарчанд ҳомиёни ҳуқуқи башар иқрор мекунанд, ки ин таҷҳизотро метавон дар фаъолияти қонунии полис истифода кард, аммо дар бархе кишварҳо онҳоро чун асбоби шиканҷаи маҳбусону боздоштшудаҳо ба кор мебаранд.

Харидорони асосии маҳсулоти ширкатҳои чиноӣ кишварҳои Африқо ва Осиёи Ҷанубу Шарқиянд, ки он ҷо ҳуқуқи башар пайваста нақз мешавад.

XS
SM
MD
LG