Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав зарбаҳои ҳавопаймоҳо ба қаламрави Сурияро танқид кард


Маскав амалиёти ҳарбӣ-ҳавоии таҳти раҳбарии ИМА дар Сурияро "нақзи истиқлолияти Сурия ва қавонини байнулмилалӣ" номид. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Русия, ки рӯзи сешанбе, 23 сентябр нашр шуд, омадааст, ин амалиёт фақат дар ҳоле мумкин буд, ки ҳукумати Сурия ба он иҷозаи возеҳ дода бошад ва Шӯрои амнияти СММ дар ин бора қатънома қабул карда бошад.

Дар бораи нахустин зарбаи муштараки ҳавопаймоҳои амрикоӣ ва ҳампаймонҳояш ба мавқеъҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия шоми душанбе Ҷон Кирбӣ, намояндаи вазорати дифои ИМА, хабар дод. Ба думболи ин Пентагон эълом дошт, ки ҳампаймонҳояш дар амалиёт алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия кишварҳои арабӣ – Урдун, Баҳрайн, Арабистони Саъудӣ, Қатар ва Аморати муттаҳидаи Арабанд. Аз киштиҳои ҷангии Амрико дар Баҳри Сурх ва Халиҷи шимоли Араб ба мавқеъҳои ситезаҷӯён 47 мушаки “Томагавк” андохта шуд.

Аз ин пеш ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ зарба мезаданд. Зарба ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар қаламрави Сурия як бахш аз маъракаи ҷадиди мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама эълон кардааст.”Давлати исломӣ” чандин вилояту шаҳрҳои Сурия ва Ироқро ишғол карда, эълом дошт, ки дар ин қаламрав Халифати исломӣ ташкил мекунад.

XS
SM
MD
LG