Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарбаҳои ҳавопаймоҳои амрикоиву арабӣ ба мавқеъҳои ҷангҷӯён дар Сурия


Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА ҳамроҳ бо ҳампаймонҳояшон барои аввалин бор ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия зарба заданд. Дар ин бора намояндаи вазорати дифои ИМА Ҷон Кирбӣ шоми душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ширкат доштанд ва аз мушакҳои “Томагавк” истифода бурданд. Кирбӣ дар мавриди он ки кадом ҳампаймонҳои ИМА дар амалиёти ҳарбӣ-ҳавоӣ ширкат кардаанд, чизе нагуфт, аммо хабаргузории Associated Pressбо такя ба манбаъҳояш дар Пентагон навиштааст, ки дар амалиёт кишварҳои арабӣ ширкат доштанд. Шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, ки гап сари Баҳрайн ва Қатар меравад.

Аз ин пеш ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ зарба мезаданд. Ҳамла ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар қаламрави Сурия як бахш аз маъракаи ҷадиди мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама эълон кардааст.

”Давлати исломӣ” чандин вилояту шаҳрҳои Сурия ва Ироқро ишғол карда, эълом дошт, ки дар ин қаламрав Халифати исломӣ ташкил мекунад.

XS
SM
MD
LG