Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи уйғурҳо ба ҳабси абад маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷону Уйғури Чин, рӯзи 23 сентябр ҳомии ҳуқуқи башар ва донишманди маъруфи уйғур Илҳом Тоҳтиро бо иттиҳоми ҷудоихоҳӣ ба ҳабси абад маҳкум кард. Илҳом Тоҳтӣ, ки пайваста аз сиёсати мақомоти Чин дар баробари аққалиятҳои уйғур интиқод мекард, дар фаъолияти зидди низоми давлатӣ дар вилояти Шинҷону Уйғур айбдор шуд.

Донишманди маъруф иттиҳомро қатъӣ рад мекунад. Вакили дифоъи Илҳом Тоҳтӣ изҳор намуд, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи волотар шикоят мебарад.

Фаъолони уйғур мегӯянд, ки ҳукми додгоҳ метавонад боиси нооромиҳои нав дар вилояти Шинҷон шавад. Дар ин вилоят тақрибан 8 миллион мусалмонҳои уйғур зиндагӣ мекунанд.

Илҳом Тоҳтӣ ва ҳафт донишҷӯи уйғур моҳи январи соли равон боздошт шуда буданд.

ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо аз Пекин даъват карданд, ки Илҳом Тоҳтиро озод кунад.

XS
SM
MD
LG