Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари нерӯҳои марзбонии Покистон аз ҳамла ҷон ба саломат бурд


Бар асари таркиши мошин аз сӯи як маргталаб, ки ҳадафаш эҳтимолан як афсари воломақоми нерӯҳои марзбонии Покистон буд, дасти кам 3 нафар кушта ва 13 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои афсари полиси шаҳри Пешовар Файсал Шаҳзод, аз ин ҳамла, ки рӯзи сешанбе, 23 сентябр ба вуқӯъ пайваст, Холид Ҷовид, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Покистон ҷон ба саломат бурдааст. Табибони бемористони шаҳри Пешовар ҳам кушта шудани се нафар дар ин ҳамларо тасдиқ карданд.

Пешовар дарвозаи вилоятҳои қабиланишин маҳсуб мешавад, ки дар он ҷойҳо нерӯҳои ҳукуматӣ амалиёти густурда алайҳи ҷунбиши “Толибон” ва гурӯҳҳои наздик бо созмони “Ал-Қоида” идома дорад. Дар манотиқи қабоилнишини Покистон солҳо боз гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро, аз ҷумла, “Ал-Қоида”, Таҳрики Толибони Покистон ва мусаллаҳони хориҷӣ – ӯзбакҳову уйғурҳо панаҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG