Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 нафар барои ҷалби ҷавонон ба ҷиҳод зиндонӣ шуданд


Додгоҳи шаҳри Астрахани Русия шаш нафарро бо иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ҷиҳодӣ ба 6 то 7 соли ҳабс маҳкум кард. Тафтиш ошкор кардааст, ки Тоҳир Джакшибеков сарвари ин гуруҳ буда, аъзои он на танҳо бо ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав, балки ҳамчнуин фуруши силорҳу муҳимот низ машғул будаанд. Бино бар таҳқиқ, ин гуруҳ то ҳоло даҳҳо нафаро ба созмонҳои ситезаҷӯи Сурия, Миср ва минтақаи ноороми Қафқози Шимолӣ дар Русия фиристодааст. Джакшибеков, ба иттилои полис бо истифода аз “агенти махфӣ” ошкор ва боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG