Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: Туркия сирри раҳоии 49 гаравгонро фош нахоҳад кард


Бино бар хабари дигар, Раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон мегӯяд, ҳукумати ӯ ҷузъиёти амалиёти пинҳонии наҷоти 49 нафарро аз асорати пайкорҷӯёни “Давлати Исломӣ” ошкор нахоҳад кард. Гаравгонҳои раҳошуда – 46 турк ва се ироқӣ рӯзи 20-уми сентябр ба Туркия оварда шуданд. Ин гуруҳ аз моҳи июн, замони ҳамлаи густардаи “Давлати Исломӣ” ба Мавсул дар асорати ин гуруҳ буд. Наҷоти гаравгонҳо мавриди ҳадсу гумонҳое буд, ки ҳукумати Туркия ба одамрабоён пули калон додааст ё маҳбсуонеро бо гаравгонҳо иваз намудааст.

XS
SM
MD
LG