Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко мегӯяд, низоъ дар шарқи Украина ҳалли низомӣ надорад


Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко мегӯяд, Украина бояд ба мудофиаи худ дар ҳоли фурӯпошии раванди сулҳ бо ҷудоихоҳони рӯ ба Русия омода бошад. Аммо, гуфт ӯ, низоъ дар шарқи Украина ҳалли низомӣ надорад. Порошенко рӯзи 21-уми сентябр дар суҳбат бо хабарнигорони украин гуфт, кишвараш 65 дарсади таҷҳизоти худро дар ҷангҳои Донетску Луҳанск аз даст додааст. Киев ва ҷудоихоҳони рӯ ба Русия рӯзи 5-уми сентябр оташбас эълон карданд. Бо вуҷуди борҳо вайрон шудани ин созиш, тарафҳо рӯзи 19-уми сентябр розӣ шуданд, тупхона ва дигар таслиҳоти вазнини худро аз минтақаи ҳоили 30-километрӣ ақиб кашиданд.

XS
SM
MD
LG