Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии "Мавен" ба фазои Миррих ворид шуд


Сафинаи Бунгоҳи кайҳоннавардии Амрико – НАСА баъд аз 10 моҳи парвоз ва тай кардани масофаи баробар бо 700 миллион километр ба мадори сайёраи Миррих ворид гашт. НАСА мегӯяд, сафинаи “Мавен” мушакҳои коҳиши суръат ва исти худро паронд ва аз рӯи қутби шимоли Миррих гузашт. “Мавен” шаш ҳафтаи ояндаро барои омӯзиши Миррих сарф хоҳад кард. Пеш аз ҳама дар намунаи ҳавои Миррих омӯхта мешавад, ки чӣ гуна ҳавои тар ва тафсони як сайёрае мисли замин дар миллиардҳо сол сард ва хушк мешавад. Зарраҳои нам аз ин ҳаво мумкин аст, ҳуҷайраҳои микробӣ дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG