Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёда аз 130 000 курди Сурия ба Туркия фирор кардаанд


Анкара мегӯяд, зиёда аз 130 000 нафар аз курдҳои Сурия аз ҷабри ҷиҳодиёни Давлати Исломӣ ба Туркия фирор кардаанд. Ноиби сарвазири Туркия Нумон Куртулмус рӯзи 22-юми сентябр гуфт, мақомот ба ворид шудани гурезаҳои бештар омода мешаванд ва мумкин аст, шумораи умумии фирориёни нав аз садҳо ҳазор нафар гузарад. Фирори курдҳои Сурия дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ҷиҳодиёни Давлати Исломӣ чандин деҳаро дар минтақаи курднишини Кумане ишғол намудаанд. Бино бар иттилои хабаргузориҳо нерӯҳои амниятии Туркия талош доранд, аз вуруди мусаллаҳони курд ба Сурия барои ҷанг бо Давлати Исломӣ пешгирӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG