Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед аз тақсими қудрат дар Афғонистон истиқбол кард


Кохи Сафед аз ҳалли бӯҳрони интихоботӣ дар Афғонистон истиқбол кард. Бино бар созишномаи тақисми қудрат Ашрафғанӣ Аҳмадзай раисиҷумҳури Афғонистон ва доктор Абдуллоҳ дар мақоми нави раиси иҷроӣ пазируфта мешаванд. Кохи Сафед мегӯяд, “эҳтиром ба раванди демократӣ” ягона роҳе барои пешрафти Афғонистон аст. Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон рӯзи якшанбе, 21 сентябр дар ин бора иттилоъ нашр кард ва аммо аз эълони расмии натиҷаҳои раъйдиҳӣ ва мизони ширктаи мардум дар ин маъракаи сиёсӣ худдорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG