Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ ва Зариф таҳдидҳои "ДИ"-ро баррасӣ карданд


Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Керрӣ ва ҳамтои эронии ӯ Муҳаммадҷаводи Зариф дар дидоре дар Ню Йорк, рӯзи 21-юми сентябр таҳдидҳои бархоста аз пайкорҷӯёни гуруҳи “Давлати Исломӣ”-ро баррасӣ карданд. Як мансабдори амрикоӣ гуфт, тарафҳо ҳамчунин дурнамои созишномаи марбут ба барномаи ҳастаии Эронро низ мавриди баҳс қарор доданд. Дидори ду вазир дар рӯзи савуми мулоқоти гуруҳи панҷ бо иловаи як - панҷ узви Шӯрои амнияти Созмони Милал ва Олмон ба вуқӯъ пайваст. Иёлоти Муттаҳида, Чин, Русия, Бритониё, Фаронса ва Олмон ҳадаф доранд дар гуфтушунид бо Эрон фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон, аз ҷумла ғанисозии уранро дар ин кишвар ба андозае коҳиш диҳанд, ки аз дастёфти Эрон ба силоҳи ҳастаӣ пешгирӣ намояд. Дар ҳоли расидан ба созиши ниҳоӣ то 24-уми ноябр таҳримҳои Ғарб зидди Эрон бекор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG