Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши пуштибонӣ аз Украина дар Маскав бидуни хушунат анҷом ёфт


"Раҳпаймоии сулҳ" дар шаҳри Маскав бидуни хушунат поён ёфт. Ҳазорон нафаре, ки рӯзи 21 сентябр алайҳи таҷовузи Русия дар баробари Украина эътироз мекарданд, то хиёбони ба номи Акалемик Сахаров расида пароканда шуданд.

Бар пояи хабарҳо аз манобеъи гуногун дар ин раҳпаймоӣ аз 5 то 15 ҳазор нафар ширкат доштанд. Ба гуфтаи эътирозгарон, ҳангоми раҳпаймоии онҳо афроде бо шиорҳои "Барои Новороссия" ва бо парчами "Ҷумҳурии мардумии Донетск" пайдо шуданд, аммо миёни онҳову эътирозгарон ягон бархӯрди ҷиддӣ сурат нагирифт.

Раҳпаймоиҳои пуштибонӣ аз Украина дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург, Саратов, Барнаул, Петрозаводск ва дигар шаҳрҳо доир шуданд. Полис ҳамин гуна раҳпаймоии беиҷоза дар шаҳри Новосибирскро пароканда кард.

"Раҳпаймоиҳои сулҳ" рӯзи якшанбе ҳамчунин дар чанд шаҳри олам - Лондон, Берлин, Вена, Порис, Киев, Бургас ва Вашингтон ҳам баргузор шуданд.

XS
SM
MD
LG