Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Яман Муҳаммад Басиндава ба истеъфо рафт


Нахуствазири Яман Муҳаммад Салим Басиндава рӯзи якшанбе, баъди аз сӯи ошӯбгарони шиамазҳаб забт шудани бинои ҳукумат дар шаҳри Санъо ба истеъфо рафт. Даргириҳо дар пойтахт чаҳор рӯз боз идома доштанд.

Нозирон мегӯянд, ки ошӯбгарони шиамазҳаб оташбасеро, ки миёни ҷонибҳои даргир зери сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ҳосил шуда буд, халалдор карда ба пойтахт ҳамла оварданд.

Раисиҷумҳури Яман Абд-Раббу Мансур Ҳодӣ изҳор намуд, ки Эрон аз ошӯбгарони шиамазҳаб дар муборизаашон бо нерӯҳои ҳукумати Яман пуштибонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG