Пайвандҳои дастрасӣ

Ашрафғанӣ Аҳмадзай расман раиси ҷумҳури Афғонистон эълон шуд


Ашрафғанӣ Аҳмадзай расман раиси ҷумҳури Афғонистон эълон шуд. Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон рӯзи якшанбе, 21 сентябр дар ин бора иттилоъ нашр кард ва аммо аз эълони расмии натиҷаҳои раъйдиҳӣ ва мизони ширктаи мардум дар ин маъракаи сиёсӣ худдорӣ намуд.

Аз ин пеш Ашрафғанӣ ва доктор Абдуллоҳ, ду довталаби курсии президентӣ, рӯзи якшанбе, дар маросиме дар Кобул, зери созиш оид ба тақсими қудрат ва таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар пояи ин санад Ашрафғанӣ раисиҷумҳури Афғонистон ва доктор Абдуллоҳ дар мақоми нави раиси иҷроӣ пазируфта мешаванд.

Раисиҷумҳури акнун собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай онҳоро табрик гуфт ва изҳори умедворӣ намуд, ки ин ду сиёсатмадор барои сулҳу шукуфоии Афғонистон талош хоҳанд кард.

Аймал Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, гуфт, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳафтаи оянда ба ҳайси сарвари нави кишвар савганд ёд хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG