Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии "Реал"-и Мадрид дар ...мурофиаи додгоҳӣ


Дастаи футболи “Реал”-и Мадрид дар мурофиаи додгоҳӣ аз болои шабакаи телевизионии TV3-и Каталония пирӯз шуд. Дар як навори ин шабака, футболбозони яке аз маъруфтарин дастаҳои футболи Испанияро ба гиена ё кафтор монанд карда буданд.

Расонаҳои испанӣ рӯзи 21 сентбяр навиштаанд, ки се корманди шабакаи TV3 ба 20 ҳазор еврогӣ ҷарима шуданд. Додгоҳ онҳоро муваззаф кард, ки ҳаққи чопи ҳукми додгоҳ дар ду рӯзномаи сатҳи миллиро низ пардохт кунанд.

Моҳи феврали соли 2013 дар як навори видеоии шабакаи TV3 футболбозони “Реал” ба кафторе нисбат дода шуданд, ки ҳамлагари маъруфи “Барселона” Леонел Мессиро “шикор” мекунанд. Дар ин навор лаҳзаҳои зиёде ҳамлаҳои футболбозони “Реал”, аз ҷумла, муҳофизатгар Пепе алайҳи Мессӣ гирд оварда шуда буданд ва ҳангоми ҳар ҳамла фарёди ваҳшиёнаи кафтор баланд мешуд.

Дастаҳои “Реал” ва Барселона” аз соли таъсиси чемпионати Испания оид ба футбол ба ин сӯ рақибони оштинопазиранд.

XS
SM
MD
LG