Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати ду афсари полис дар таркише дар Қоҳира


Бар асари таркиш дар канори бинои вазорати умури хориҷии Миср ду афсари полис кушта ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса, ки рӯзи якшанбе, 21 сентябр рӯй дод, ду подполковники полис ҷон бохтанд ва ҷароҳати чанд нафар аз захмиён хело вахим аст.

Масъулияти ҳамларо, ки ҷиддитарин дар шаҳри Қоҳира дар се моҳи ахир маҳсуб мешавад, касе бар дӯш нагирифтааст.

Хушунат дар Миср баъд аз он боло рафт, ки низомиён таҳти раҳбарии вазири дифоъи онвақта Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ, моҳи июли соли 2013 раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро аз мақом барканор намуда, ҳаракати пуштибон аз ӯ - “Инвон-ул-муслимин”-ро мамнӯъ эълон карданд. Дар амалиёти саркӯбсозии ҷонибдорони Мурсӣ беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ имсол дар интихоботи раёсатҷумҳурии Миср пирӯз шуд.

XS
SM
MD
LG