Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский: Дар сурати зарурат сарварии Русияро ба дӯш мегирам


Михаил Ходорковский
Михаил Ходорковский

Михаил Ходорковский, раиси пешини ширкати нафтии ЮКОС имкони дар сурати зарурат ба ӯҳда гирифтани раҳбарии Русияро аз эҳтимол дур намедонад. Дар ин бора нашрияи фаронсавии Le Monde рӯзи якшанбе, 21 сентябр, бо такя ба изҳороти ахири Ходорковский иттилоъ дод. Дар як нишаст дар идораи ин рӯзнома раиси пешини ЮКОС гуфтааст, “агар маълум шавад, ки Русия ба берунрафт аз бӯҳрон ва баргузории ислоҳоти конститутсионӣ, аз ҷумла, тақсими қудрат ба нафъи низоми додгоҳӣ, парлумон ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ниёз дорад, ман омодаам, ки як бахши ин вазифаро бар дӯш бигирам”.

Михаил Ходорковский, ки бо иттиҳоми ҷиноёти иқтисодӣ даҳ солро пушти панҷара сипарӣ кардааст, соли гузашта аз сӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин афв карда шуд ва билофосила баъд аз он изҳор намуд, ки нияти барои қудрат вориди саҳнаи сиёсӣ шуданро надорад.

Рӯзи шанбе Михаил Ходорковский тарҳи пешини худ “Русияи боз”-ро дубора фаъол кард. Ҳадафи ин тарҳ – татбиқи барномаҳои башардӯстона ва маърифатӣ дар Русия аст.

XS
SM
MD
LG