Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Попи Рум ба кишвари мусалмонии Аврупо ташриф меорад


Попи Рум Франсиск рӯзи якшанбе, 21 сентябр, вориди Албания, аҳ ангуштшумор кишварҳои мусалмонии Аврупо, шуд. Қарор аст, ки Попи Рум дар Тирана дар назди эътиқодмандон суханронӣ ва Албанияро чун намунаи ҳамзистии динҳои гуногун дар як кишвари коммунистии собиқ арзёбӣ кунад.

Дар ҳоле, ки Ватикан эълом дошт, ба хотири таъмини амнияти раҳбари католикҳои олам ягон чораи вижаи амниятӣ андешида нашудааст, вазорати умури дохилии Албания аз роҳандозии чораҳои шадиди амниятӣ ва афзоиши патрулҳо хабар дод, зеро бархе аз гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ таҳдиди сӯиқасд ба ҷони Попи Румро кардаанд.

Тақрибан 10 дарсади аҳолии Албания пайравони дини католикиянд ва 60 дарсадаш – мусалмонҳои суннимазҳаб.

Раҳбари мустабиди Албания Анвар Ҳохса соли 1967 кишварро “ягона давлати даҳрӣ (атеистӣ) дар олам” эълон кард ва ба дуболи он тақрибан 40 рӯҳонии католик зиндонӣ ва эъдом шуданд.

Сафари Попи Рум дар Албания як рӯз идома мекунад.

XS
SM
MD
LG