Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷулия Пирсон: Ҳифзи Кохи Сафед тақвият меёбад


Хадамоти махфии ИМА (The U.S. Secret Service) эълом дошт, ки баъд аз вуруди пинҳонии як марди мусаллаҳ бо корд ба қаламрави дафтари раёсатҷумҳур дар Вошингтон, ба ҳифзи Кохи Сафед тақвият мебахшад. Дар ин бора раиси хадамот Ҷулия Пирсон рӯзи якшанбе, 21 сентябр хабар дод.

Ба иттилои расмӣ, рӯзи ҷумъа, як марди ношинос аз болои девор ҷаҳида вориди ҳавлии Кохи Сафед шуд. Муҳофизон огаҳ шуда, бархе аз кормандони маъмурияти раёсатҷумҳуриро ба ҷойи амн интиқол доданд. Ҳангоми ин ҳодиса Барак Обама дар Кохи Сафед ҳузур надошт. Баъд аз боздошт ҳуввияти марди ношинос ошкор шуд – Омар Гонсалеси 42-сола, сокини аёлати Техас, ба гуфтаи ҳамсояҳоояш, қаблан низомӣ будааст ва бо сабаби маризияш аз хизмати ҳарбӣ ба истеъфо рафтааст. Сабабҳои вуруди ӯ ба ҳавлии дафтари раёсатҷумҳурӣ таҳқиқ мешавад.

Хадамоти махфии ИМА масъули таъмини амнияти раисиҷумҳур аст.

XS
SM
MD
LG