Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Донетск задухӯрд сурат гирифт


Бо гузашти чанд соат аз ҳосил шудани созиш миёни ҳукумати Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шаҳри Минск рӯзи 20-уми сентябр дар шарқи Украина муноқишаву задухурд сурат гирифт. Рӯзи 19-уми сентябр намояндагони ҳукумати Украина, Русия, ҷудоиталабон ва нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барномаи нӯҳ моддаиро имзо карданд, ки ҳадаф аз он тавсиаи пешрафтҳои созиши оташбас миёни ду тараф аст, ки рӯзи 5-уми сентябр имзо шуд. Бар асоси барнома, нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабони Украина бояд тӯпхонаҳояшонро 15 километрӣ ақиб кашида ва як минтақаи буферии 30 километрӣ таъсис диҳанд. Дар ҳамин ҳол, артиши Украина гуфт, ки ба сарбозони кишвар дар наздикии минтақаи Дебалтсово дар вилояти Донетск ҳамла сурат гирифтааст. Дар шаҳри Донетск, ки дар дасти ҷудоихоҳон аст, рӯзи 20-уми сентябр дар як корхонаи аслиҳа таркиши қавӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Иван Приходко, як мақоми ҳукумати шаҳр гуфтааст, ки тирандозӣ аз тӯпхона сабаби таркиш шуд, вале маълум нест, ҳамла аз кадом тараф будааст.

XS
SM
MD
LG