Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон натиҷаҳои интихоботро эълон мекунад


Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон гуфт, ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботи ҷанҷолбарангези раёсати ҷумҳуриро рӯзи 21-уми сентябр эълон мекунад. Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи кумиссиён рӯзи 20-уми сентябр дар ин бора ба Радиои Афғонистони Озод хабар дод ва гуфт:

“Ман мушаххасан намехоҳам, ки вақтро қайд кунам, чун ин дар салоҳияти аъзои Кумиссиёни мустақили интихобот аст, вале то ҷое ки мо бардошт кардем, бештар вақта дар бар нахоҳад гирифт.”

Хабари эълони натиҷаҳо, дар ҳоле нашр шуд, ки музокироти номзадҳои рақиб дар интихобот Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдулло дар бораи тақсими қудрат ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ идома кард. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар ду давра дар моҳи апрел ва июн сурат гирифт, вале ба далели иддаоҳо дар бораи тақаллубкории зиёд дар интихобот натиҷаҳои онро то ҳол эълон накарданд. Бо талаби номзадҳо, дурустии орои интихоботро ба раҳбарии Созмони Милал тафтиш карданд, вале натиҷаҳои тафтиш низ эълон нашудааст.

XS
SM
MD
LG