Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаҳои Навоз Шарифро беэътибор карданд


Додгоҳи Покистон ду парвандаи деринаи ришвахорӣ алайҳи нахуствазир Навоз Шариф ва хонаводаи ӯро беэътибор кард. Додгоҳи таҷдиди назар дар Исломобод, рӯзи 19-уми сентябр гуфт, ки ҳарду парванда ангезаҳои сиёсӣ доранд. Қарори додгоҳ дар замоне содир шуд, ки ҳаракатҳои эътирозӣ алайҳи Навоз Шариф бештар шудааст. Мухолифонаш мегӯянд, ки ҳукумати Навоз Шариф ба фасоду ришвахорӣ олуда аст ва дар интихоботи порлумонии гузашта тақаллуб кардааст. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Навоз Шариф дар бораи хонаи ӯ дар шаҳри Лоҳур аст, ки пули сохтмонаш гӯё аз манобеъи номаълум омадааст ва ӯ гӯё аз тариқи як ширкати тавлиди коғаз ба шустушӯи пул машғул шудааст. Ҳарду парвандаро баъди аз қудрат барканор кардани Навоз Шариф дар соли 2000-ум боз карданд. Дар он замон Парвиз Мушарраф, фармондеҳи артиши Покистон Навоз Шарифро аз мақомаш барканор кард ва худаш ҳукуматро ба даст гирифт.

XS
SM
MD
LG