Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Никола Саркозӣ мехоҳад ба майдони сиёсат баргардад


Раисиҷумҳури пешини Фаронса Никола Саркозӣ рӯзи ҷумъа дар Порис эълом дошт, ки нияти бозгашт ба майдони сиёсатро дорад. Ӯ мехоҳад раҳбарии ҳизби мухолифи “Иттиҳод барои ҳаракати мардумӣ” бар дӯш бигирад ва номзади ин ҳизб дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2017 шавад.

Никола Саркозӣ ду сол пеш дар сабқат бо Франсуа Ҳолланд барои мақоми раисиҷумҳури Фаронса шикаст хӯрда буд. Ҷонибдорони Саркозӣ мегӯянд, ки фақат ӯ талони муттаҳид кардани ҳизби “Иттиҳод барои ҳаракати мардумӣ”-ро дорад.

Аммо бозгашти Саркозӣ ба саҳнаи сиёсат мушкил хоҳад шуд, зеро ӯ дар Фаронса дар фасод ва сармоягузории ғайриқонунии маъракаи қаблии интихоботияш айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG