Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар канори масҷиде дар Бағлон боиси ҳалокати 6 нафар шуд


Бар асари таркиш дар канори як масҷид дар вилояти Бағлон, воқеъ дар шимоли Афғонистон, дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Ҷавод Башорат, сухангӯи полиси вилоят, хабар дод, ки таркиш рӯзи 19 сентябр билофосила баъд аз берун шудани намозгузорон аз масҷид рӯй дод. Дар ин ҳодиса, ба гуфтаи ӯ, 12 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Дар як задухӯрд бо толибон дар вилояти Лугар бошад, ба гуфтаи Динмуҳаммад Дпрвеш, намояндаи волии ин минтақа, чаҳор корманди полис кушта шуданд.

Ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки ду номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон – Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай то ҳол дар бораи тақсими қудрат дар кишвар ба созиш нарасидаанд.

Рӯзи маросими савгандёдкунии раҳбари нави Афғонистон ва ҳамчунин сарнавишти созишномаи амниятӣ миёни Кобулу Вошингтон, ки бар пояи он баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон як теъдод аз низомиёни амрикоӣ бояд дар кишвар боқӣ монанд, то ҳол номаълум аст.

XS
SM
MD
LG