Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тақвияти сохтори зиддитеррористии ШОС дар Шинҷону Уйғур


Сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай фаъолияти худ дар Вилояти худмухтори Шинҷону Уйғури Чинро тақвият хоҳад дод.

Ин нукта дар иттилоияе, ки рӯзи 19 сентябр пас аз хатми ҷаласаи 25 – уми Шӯрои Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ дар Душанбе аз ҷониби ин созмон дар ихтиёри Радиои “Озодӣ” қарор гирифт, зикр шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки пас аз шунидани иттилои ҷониби Чин дар бораи вазъи ҳукмрон дар Вилояти худмухтори Шинҷону Уйғури Чин дар самти мубориза бо терроризм, сепаратизм (ҷудоиталабӣ) ва экстремизм қарори афзудани ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҷаласаи 25-уми Шӯрои Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ таҳти раҳбарии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он намояндагони ниҳодҳои зиддитеррористии Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ ширкат карданд.

Дар иттилоия омадааст, ба хотири таҳкими ҳамкории байнулмилалӣ дар мубориза алайҳи зуҳуроти терроризм асноде ба имзо расиданд, ки заминаи ҳамкории Сохтори минтақаии зиддитеррористиро бо мақомоти босалоҳияти Муғулистон, Эрон ва Афғонистон фароҳам мекунанд. Бино ба он, дар ин ҷаласа тадобири муштараки мақомоти масъули кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар нисбати афроде, ки дар даргириҳои мусаллаҳона аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ ширкат доранд ва дар бораи таъмини амнияти лӯлаҳои фаромарзии интиқоли газ ва нафт ба тасвиб расиданд.

Қарор шудааст, як гуруҳи коршиносони мақомоти масъули кишварҳои узви СҲШ дар масоили ҳамоҳангсози муштараки муқовимат алайҳи фаъолиятҳои зиддиқонунии созмону гуруҳҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ, ки ба амнияти кишварҳои узви СҲШ хатар эҷод мекунанд, ташкил шавад.

Нақшаи чорабиниҳо ва реҷаи кори Гуруҳи муштараки кории коршиносони мақомоти масъули кишварҳои узви СҲШ ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақаии зидиттеррористии СҲШ барои ошкор, огоҳонӣ ва ҷилавгирии истифодаи шабакаи интернет ба ҳадафҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ дар солҳои 2015 - 2016 мувофиқа шуд.

Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақаии зидитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба сегменти иттилои бози Бонки байнулмилалии муқовимат бо терроризм ҳамроҳ карда шавад. Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ дар бораи амалӣ кардани қарорҳои Шӯрои Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ тасдиқ шуд. Нақшаи кори Кумитаи иҷроия ва Нақшаи кори гуруҳи коршиносони мақомоти масъули кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои соли 2015 тасдиқ шуд.

Раҳбарии Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ аз Тоҷикистон ба Узбакистон супурда шуд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай 15 июли соли 2001 дар ҳайати Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ташкил шудааст. 7 июни соли 2002 дар шаҳри Тошканд Сохтори минтақаии зиддитеррористии ин созмон ба манзури мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм ташкил шуд. 29 майи соли 2003 дар шаҳри Маскав дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ қарор шуд, ки қароргоҳи Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон бошад.

XS
SM
MD
LG