Пайвандҳои дастрасӣ

Рустам Ҳукумов оиладор шуд


Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукуматулло -- раҳбари собиқи корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 18 сентябр дар Душанбе издивоҷ кардааст. Дар бораи ҷузъиёти маросими ақди никоҳи оқои Ҳукумов иттилои зиёде дар даст нест, вале афроди огоҳ мегӯянд, арӯси хонавода аз шаҳри Хуҷанд будааст.

Исми писари калонии Амонулло Ҳукуматулло соли 2010 вирди забони матбуот шуд. Баъзе нашрияҳои русӣ он вақт навиштанд, ки гӯё Рустам Ҳукумов дар Русия дар боздошт аст. Амонулло Ҳукуматуллои 63-сола аз соли 2002 то оғози 2014 раҳбари Роҳи оҳани Тоҷикистон буд ва моҳи феврал баъди як нишасти хабарияш ба нафақа гусел карда шуд.

XS
SM
MD
LG