Пайвандҳои дастрасӣ

Суоли додситон: "Либоси тоҷикии мо чӣ камӣ дорад?"


Шариф Қурбонзода, додситони Суғд (дар байн)

Шариф Қурбонзода, додситони Суғд (дар байн)

Додситони вилояти Суғд аз он нигаронӣ кардааст, ки занони тоҷик, ба гуфтаи ӯ, либоси арабиву покистониро аз либоси миллии худ афзалтар мешуморанд.

Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд, дар ҷаласае аз либоспӯшии занони тоҷик интиқод карда, гуфтааст, онҳо либосу фарҳанги миллиро пушти по задаанд.

“Либоси миллии худро пушти по зада, либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад? Либоси тоҷикии мо чӣ нуқсон дорад? Ҳар давлату халқияту сохтор либоси махсуси худро дорад. Ва ба халқи тоҷик низ ниёгон либосҳои миллии худро ба мерос гузоштааст. Чаро таассуб ба либоси бегонагон мекунем?”,-суол гузоштааст оқои Қурбонзода.

Ин ҷаласа бо иштироки раҳбарони мактабҳои оливу миёна, уламои дин, раисони маҳаллаҳо ва шӯроҳои занону бибиотунҳо дар “Кохи фарҳанг”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шудааст. Шариф Қурбонзода, додситони Суғд, дар идома аз фаъолияти ҳаштмоҳаи ниҳоди таҳти роҳбарияш натиҷагирӣ карда, бештар ба масъалаи ҷинояткорӣ ва омилҳои худкушӣ суҳбат кардааст. Ӯ гуфта, ки мизони ҷинояткорӣ дар ҳашт моҳи имсол дар муқоиса ба ҳамин давраи 2013 ҳудуди нуҳ дарсад афзоиш ёфтааст.

“Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он омилҳои гуногун доранд, масалан, 41% аз бемории асаб, 14 нафар аз бемориҳои вазнин, 27 нафар аз хушунати оилавӣ ба чунин хулосаи нангин даст задаанд”,-афзудааст додситони Суғд. Вай илова кардааст, “суоле пеш меояд, модоме ин 41% ба бемории асаб гирифтор будаанд, чаро дар ташхису рӯихати табиб наистодаанд? Раисони кумитаҳои маҳаллаҳо чаро аз бемории сокинон ва хушунати оилавии онҳо бехабаранд? Шояд бетарафии ҳамсоягон чунин шаҳрвандонро ба худкушӣ мерасонад? Бояд фаъолияти занон, ҷавонон, калонсолони маҳалла пурзӯр карда шавад.”

Инчунин дар ин ҷаласа Шариф Қурбонзода дар бораи харидуфурӯши одамон суҳбат карда, гуфтааст, танҳо аз аввали сол то кунун 19 ҳолати хариду фурӯши одамон сабт шудааст. “Духтарону занони гумроҳро бо баҳонаи дарёфти кори серпул ба кишвари араб фиристода, бо ин васила маблағҳои калон ёфтани иддае боиси ташвиш ва нигаронии кормандони мақомоти ҳуқуқ ва ҷомеа гардидааст”,-хулоса кардааст ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG