Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрикоии ҳиндитабор ба мақоми сафири ИМА дар Деҳлӣ пешбарӣ шуд


Қазияи дипломати ҳинд Девиянӣ Хобрагаде боиси моҷаро миёни Вошингтон ва Деҳлӣ шуда буд

Қазияи дипломати ҳинд Девиянӣ Хобрагаде боиси моҷаро миёни Вошингтон ва Деҳлӣ шуда буд

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, номзадии Ричард Вермаро ба мақоми сафири кишвар дар Ҳиндустон пешбарӣ кард. Агар ин номзадӣ аз сӯи Конгресси ИМА пазируфта шавад, Верма нахустин амрикоии ҳиндитабор дар ин мансаб хоҳад буд. Барак Обама дар бораи пешбарии номзадии Ричард Верма ба мақоми сафир дар Деҳлӣ дар арафаи сафари нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба Вошингтон хабар дод. Ин сафар озирҳои моҳи сентябр сурат мегирад.

Сафири пешини ИМА дар Ҳиндустон Нэнси Пауэлл моҳи марти соли равон баъд аз моҷарои дипломатӣ миёни Вошингтону Деҳлӣ ба истеъфо рафт. Моҷаро баъди он бархост, ки мақомоти амрикоӣ муовини консули кулли Ҳиндустон дар Ню-Йорк Девиянӣ Хобрагадеро бо иттиҳоми қаллобӣ ҳангоми додани раводид, пардохти маоши андак ба хизматгор ва баёноти бардурӯғ боздошт карданд. Мақомоти Ҳиндустон баъд аз бозгашти дипломат ба кишвар аз Вошингтон хостанд, ки барои бадрафторӣ алайҳи Девиянӣ Хобрагаде узр хоҳанд.

Ричард Верма, номзад ба мақоми сафири ИМА дар Деҳлӣ, ҳуқуқшинос аст ва қаблан ба ҳайси мушовири амниятӣ дар Сенат фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG