Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кэмерон аз натоиҷи ҳамапурсӣ дар Шотландия истиқбол кард


Дэвид Камерон, нахуствазири Бритониё, аз натоиҷи ҳамапурсӣ оид ба истиқлоли Шотландия истиқбол кард. Беш аз 55 дарсади раъйдиҳандагон дар ин ҳамапурсӣ, ки 18 сентябр баргузор шуд, барои истиқлол ё ҷудоии ин сарзамин аз Бритониё посухи рад додаанд. Алекс Салмонд, нахуствазири Шотландия, ки раҳбари истиқлолталабон ба шумор меравад, шикастро пазируфтааст.

Аз ин пеш, натиҷаи назарсанҷиҳои ҷудогона ҳам нишон додаанд, ки 52 дарсади мардуми Шотландия тарафдори якҷо мондан бо Бритониёи Кабир буда, 48 дарсад тарафдори истиқлол ҳастанд.

Дэвид Кемерон рӯзи 19 сентябр гуфт, ки Шотландия аз имтиёзҳои бештар дар ҳайати Бритониёи Кабир бархӯрдор хоҳад шуд. Ӯ қаблан ҳушдор дода буд, ки дар сурати истиқлол Шотландия дигар наметавонад, ба ҳайати Бритониёи Кабир шомил шавад. Шотландия 307 сол боз дар ҳайати Бритониё аст.

XS
SM
MD
LG