Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйири номи бозори "Сомон" ва афзоиши иҷорапулӣ


Бозори муштараки Тоҷикистону Хитой - "Сомон", ки ҳоло таҳти роҳбарии Ӯта Даминов фаъолият дорад, мекӯшад, номи бозорро ба "Парвизи нек" иваз кунад. Бархе аз тоҷирон бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, раҳбарияти нав қимати иҷорапулиро ҳам то 30 доллар боло бурдааст. "Агар пештар 50 доллар месупоридем, ҳоло маҷбурем, ҳаштод доллар супорем",-гуфт соҳибкор Туҳфа Раҳимбоева. Ӯ афзуд, баъд аз ихроҷи раиси пешини бозор -- Ҳоҷӣ Карим (Абдукелиму Шадике) аз Тоҷикистон аз тарафи Душанбе як гурӯҳи дигар бо сарварии Ӯта Даминов омада, якбора иҷорапулиро боло бурдаанд.

Як намояндаи маъмурияти нави бозор ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ихроҷ шудани Ҳоҷӣ Карим онҳо ба кор шуруъ карда, бо ёрии нозирон талош доранд, вазъро муътадил кунанд. Ӯ гуфт, иҷорапулӣ зиёд карда нашудааст, балки барои ҷобаҷо кардани «вагон»-ҳо аз соҳибонашон маблағ пурсидаанд.

Қаблан Ҳоҷӣ Карим ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ихроҷи ӯ ба таври иҷборӣ аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифта, дар Тоҷикистон ҳудуди 2 миллион доллар сармояи ӯ, ки ба бозори "Сомон" гузошта шудааст. боқӣ мондааст. Ӯ мегӯяд, ба далоили амниятӣ аз бозгашт ба Тоҷикистон ҳарос дорад.

Бозори муштараки Тоҷикистону Хитой – “Сомон”, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Чкалов, 5 километрии Хуҷанд бузургтарин бозори умда ва чаканафурӯшӣ дар вилояти Суғд аст ва дар он ҷо беш аз 1 000 нафар машғули тиҷоратанд.

Ин бозорро Абдуҷамол Тоҷибоев, муассиси ширкати "Азиз - компания" соли 2005 дар ҳамдастӣ бо Эргаш Даминов, шаҳрванди Тоҷикистон ва Абдукелиме Шадике, шаҳрванди уйғуртабори Чин, раҳбари ширкати “Кучулан”, маъруф ба “Ҳоҷӣ Карим” таъсис додаанд. Сипас ҷаноби Тоҷибоев аз соли 2010 ба ин сӯ бо раиси пешини депортшуда - Абдукалиме Шадике, сари бозори «Сомон» баҳси тӯлонии додгоҳӣ дошт. Он замон Абдуҷамол Тоҷибоев дар додгоҳи иқтисодии Суғд ду ҳамкорашро ба нақзи созишномаи ҳамкорӣ муттаҳам мекард, ки хостаанд аз ин тиҷорати муштарак ӯро берун андозанд. Ин баҳс пас аз кашмакашҳои зиёд ниҳоят бо тавофуқи миёни ҷонибҳо ба анҷом расида буд.

XS
SM
MD
LG