Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порошенко аз Амрико кӯмаки низомӣ хост


Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, дар нишасти муштараки Конгресси Амрико хостори кӯмакҳои низомӣ барои кишвараш шуд ва гуфт, барои Украина як мақоми махсуси амниятӣ дода шавад. Ба гуфтаи Петро Порошенко, артиши Украина ба ҷангафзорҳои бештар эҳтиёҷ дорад ва “кампалу дурбинҳои шабона” низ лозим аст. Аммо ба гуфтаи ӯ, як кишвар наметавонад, бо кампал ҷангро бибарад ва сулҳро таъмин кунад. Петро Порошенко, муноқишаи Украина бо Русияро бадтарин муноқиша баъд аз бӯҳрони мушакҳои шӯравӣ дар Куба дар соли 1962 номид ва аз Амрико хост, ки “Украинаро дар баробари таҷовуз танҳо нагузорад”. Порошенко амалкарди Русияро, ки нимҷазираи Қримро ба қаламраваш ҳамроҳ кард, “бешармонатарин ҷиноят” дар таърихи муосир номид. Ба қавли ӯ, Украина “ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ қимату ҳеҷ шароит” бо ишғоли Қрим намесозад.

XS
SM
MD
LG