Пайвандҳои дастрасӣ

Ду афсари ВКД бо 17 кило ҳероин дастгир шуданд


Кормандони раёсати умумри дохилаи пойтахт дар як амалиёти махсус дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт, капитани милиса Ҷамолиддин Раҷабов, нозири калони гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилӣ ва лейтенанти калони милиса Далер Ғаюров, нозири шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии баталёни хадамоти «Муҳофиза»-и ин вазоратро дастгир кардаанд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 18 сентябр ба радиои Озодӣ гуфт, «шоми 17 сентябр, соатҳои тақрибан 17-30, ҳангоми тафтиши мошини тамғаи «Тайота-Кемри», рақами давлатиаш 90-35 ВМ 01 РТ, ки таҳти идораи Раҷабов Ҷ.С., қарор дошт, аз дохили бағоҷи он, аз сумкаи варзишӣ, дар дохили бастаҳои селофанӣ, тақрибан 17 килограмм маводи нашъадори навъи «ҳероин» дарёфт ва мусодира карда шуд».

Ба гуфтаи манбаъ, нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як манбаи асосии тавлиди ҳероину афюн – 1370 километр марзи муштарак дорад, як масири умдаи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG