Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Покистон 40 ҷангҷӯи Толибонро куштанд


Артиши Покистон гуфт, дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ба як минтақаи қабоилнишин дар шимолуғарби кишвар 40 ҷангҷӯи Толибонро кушта ва панҷ паноҳгоҳашро нобуд кардааст. Низомиёни Покистон рӯзи 17-уми сентябр бо нашри баёнияе гуфтанд, ки ҳавопаймоҳо ин тундравонро дар ноҳияи Дотахел дар Вазиристони Шимолӣ ҳадаф гирифтанд. Нерӯҳои Покистон моҳи июн амалиётеро барои поксозии Вазиристони Ҷанубӣ аз ҳузури Толибон шурӯъ карданд. Ба қавли артиш, то кунун дар ин амалиёт 1000 ҷангҷӯ ва 100 сарбози давлатӣ кушта шуданд, аммо таъйиди ин хабар аз манобеъи дигар номумкин аст.

XS
SM
MD
LG